e-mail: sultoni_kabir@tojikiston.com

НАШ РЫНОК
_______________

 

Об истории

  • Орден «Звезда Содружества»

СТАТУТ ОРДЕНА «ЗВЕЗДА СОДРУЖЕСТВА»

Утверждено на заседании Общественного Совета поощрения предпринимательства (Москва, Кремль, 14 ноября 2006 года)

Орден «Звезда Содружества» - общественная награда, учрежденная Общественным Советом поощрения предпринимательства и Между-народным Центром «Сотрудничество».

 

 

В комплект Награды «Звезда Содружества» входят следующие атрибуты - символы высшего общественного признания

 

• Орден «Звезда Содружества»

• Удостоверение, подтверждающее право ношения Ордена.

• Почетный диплом «Звезда Содружества».

Орден «Звезда Содружества» вручается выдающимся гражданам за личные заслуги и руководителям предприятий и организаций различных уровней и форм собственности за значительные достижения в сфере международных отношений с экономическими кругами стран СНГ. Основанием для вручения Ордена «Звезда Содружества» является успешное сотрудничество в производственной и финансовой сферах с партнерами из стран Содружества, укрепление взаимовыгодного сотрудничества в сфере экономики, развитие и углубление разносторонних связей со странами СНГ, обеспечивающих динамичное наращивание потенциала стран СНГ в торгово-экономической, научно-технической и культурной областях, создание позитивного имиджа экономики и предпринимательства на международной арене, укрепление позиций на рынке стран СНГ, создание условий для восстановления утерянных связей между хозяйствующими субъектами стран СНГ, использование передового опыта в создании евроазиатских регионов сотрудничества, поддержание и развитие славных традиций сотрудничества и дружбы между народами, борьба с негативными стереотипами при ведении экономической деятельности, сближение и взаимообогащение культур.

Награждая лауреатов Орденом «Звезда Содружества» учредители Ордена ставят перед собой следующие цели:

- развитие взаимовыгодных экономических и культурных отношений между Россией и странами СНГ;

- восстановление и обогащение утерянных связей между нашей страной и странами Содружества;

- создание позитивного имиджа товаров стран СНГ и услуг на международном рынке; - поощрение отечественных предпринимателей, выходящий на рынок стран СНГ, и предпринимателей стран Содружества, выходящих на российский рынок;

- стимулирование бизнес-сообщества к созданию совместных предприятий на российском рынке и на рынке стран СНГ;

- сближение интересов государственной власти и предпринимателей в вопросах международного сотрудничества;

- решение вопроса нелегальной трудовой миграции, привлечение высококвалифицированных кадров из стран СНГ на законных основаниях.

Орден двусторонний, выполнен из серебра с золочением, имеет форму восьмиконечной звезды, размером – 63х63 мм, вершины которой выполнены в форме лучей. Восемь больших лучей и центральная круглая вставка покрыты позолотой и инкрустированы фианитами.

На лицевой стороне Ордена, в центре, помещен медальон с эмблемой Содружества Независимых Государств.

По окружности, сверху, золотыми буквами нанесена надпись «Звезда Содружества».

Медальон обрамлен снизу двумя лавровыми ветвями, инкрустированными бриллиантами.

Каждый Орден имеет свой порядковый номер, который нанесен на обороте. Награда дополняется именным удостоверением на право ношения Ордена и серебряным с позолотой знаком в виде эмблемы Содружества Независимых Государств для повседневного ношения.

 

ЕВА - Европейская Бизнес Ассамблея

ЕВА - Европейская Бизнес Ассамблея (Оксфорд, Великобритания) - международная корпорация по разработке и внедрению проектов экономического и социального развития регионов в странах Европы и постсоветского пространства. Главная миссия неправительственной организации - способствовать и поддерживать процесс установления экономических, образовательных, культурных, научных связей между странами. Одной из целей является формирование позитивного имиджа компаний и отдельных личностей, которые своей деятельностью вносят существенный вклад в развитие общества.

ЕВА систематически проводит в различных странах мира международные форумы, конференции, деловые встречи и выставки, издаёт рекламные каталоги, эффективно использует иные информационные ресурсы, формирует Общеевропейский реестр эффективных, динамично развивающихся компаний на основе статистических данных, рекомендаций аналитических, социологических, информационно-рекламных, рейтинговых и PR-агентств, результатов международных и национальных конкурсов профессиональных достижений.

ЕВА является учредителем престижных Международных наград, таких как «Европейское качество», «Лучшее предприятие Европы», «Награда имени Сократа», «Объединенная Европа», «Награда имени Королевы Виктории», которые получили широкую известность и завоевали доверие международной общественности. Награды изготовлены творческой мастерской известного английского ювелира Альфреда Виньецкого в Лондоне, Великобритания. Юридические, патентные и иные права принадлежат ЕВА и защищены законом Великобритании.

 

Международная награда имени «Королевы Виктории»

Международная награда имени «Королевы Виктории»

Международная награда орден имени Королевы Виктории утвержден в 1896 году королевой Великобритании Викторией и выдается за честь, достоинство и доблесть.
Знак и подвеска Международной награды имени Королевы Виктории изготовлены из благородных металлов, покрыты золотом 999,9 пробы. В основе композиции ордена - выпуклый двухсторонний крест. В центре креста вставка в виде круглого медальона, с лицевой стороны с изображением профиля Королевы Виктории, с обратной - с изображением вензеля Королевы Виктории. По контуру медальона (обратная сторона креста) надпись: «Victory is ours». Вся композиция подвешена на колодке в виде короны и украшена 58 ограненными кристаллами хрусталя (Swarowski crystals). Подвеска ордена состоит из 8 медальонов с изображением профиля королевы Виктории, с лицевой стороны, и вензеля - с обратной. В комплекте наградной атрибутики: орденский знак, подвеска, нагрудный орден, фрачный знак, диплом «Grawerton».

Размер знака в диаметре - 85 мм.

Ёде аз Султони Кабир

Баҳори соли 1992 сербориш омад. Рӯз дар миён осмонро абрҳои сиёҳ мепӯшонданд. Рӯзе бориш шиддат гирифт. Ҳама ҷоро об зер кард. Аз бари теппаҳо ва деҳаҳои боло об ҷамъ шуда, сели калонро ташкил дод. Сел дарёфтаҳояшро афтонда, панҷаҳои харобкори дасташро дарозтар мекард. Об аз соҳил берун шуда, ба тарафи маркази хоҷагӣ ҷорӣ шуд. Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мардони муқимӣ аввал аз техника истифода бурда, андак сангу хок партофтанд. Диданд, ки бо як булдозеру экскаватор намешавад, роҳи осонҷуста, хостанд, ки чинорҳои азимро бурида, дами роҳи селро бубанданд. Чандин аррадор худро дар назди чинорҳо гирифтанд. Вале занони маҳалла онҳоро ба чинорҳо наздик шудан намонданд.
- Ин парвардаҳои Султони Кабир аст, агар худатон ягон дарахт мешинондед, ҳуқуқ пайдо мекардед, ки чинорҳоро бибуред. Хоҷагии ободкардаашро хароб ва заводи сохтаашро вайрон кардед, бас набуд? Боз мехоҳед, ки дарахтони шинонидаашро решакан намоед? Вай дар ободонии деҳот, рушди хоҷагӣ ва ба боғу токзор табдил ёфтани заминҳои қамишзор ва ба ҷангал монанд саҳми арзанда гузошта буд. Мемонед, ки дар гӯр осуда бихобад.
Баъди шунидани ин суханҳо ва истодагарии занҳо дарахтбурон маҷбур шуданд, ки роҳи дигари бастани дами селро пайдо бикунанд. Ҳамин тавр чинорҳои шинондаи Султони Кабир аз дами арраи харобгарон амон ёфтанд.
Авазхон ҳангоми дидани чанд навор ва ба навиштаҷоти даромадгоҳи асосии бозор афтодани чашмонаш: "Бозори Султони Кабир" ин лаҳзаро ба ёд овард. Чашмони пуробаш хондани навиштаҷоти ҳарфҳояш калонро барояш мушкил гардонд. Оқибат гиря гулӯгираш кард ва аз дил гузаронд: "Рост гуфтаанд, сарватмандон ҳам мегирянд". Дар дунё ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки дар доираи тасаввур намегунҷанд. Ин меҳру муҳаббат аст, ғами ватандорию решапайвандӣ аст, ки ҳама ганҷу сарвати дунё дар нисбаташ беқурб аст, қади ҷаве арзиш надорад.Ӯ ҳам дар ҳамин лаҳза ба чунин ҳолат гирифтор шуда, худро идора карда натавонист. Ашки дар чашмонаш ҳалқазада қувват гирифта, ба саҳрои рӯяш ҷорӣ шуд. Мурғи хаёлаш ба дуриҳои дур, ба диёри кӯдакӣ парвоз кард. Худро дар лаҳзае ба он манзили ошно, ба қадамҷои қиблагоҳаш, ки зари дунё ба қимати гардаш баробар намешавад, гирифт. Корвони хаёлаш аз кӯчаи камодам ва аз бари хонаҳои шинос гузашта, дар пеши дари кулбаи бомаш нисбат ба боми дигарҳо паст, ором гирифт. Ин хонаи назарногир хонаи Султони Кабир буд. Он вақтҳо ҳамин хел анъана вуҷуд дошт, ё номи баланд ё боми баланд. Падараш номи баландро ҳазорон маротиб болотар аз боми баланд медонист ва шуҳрату ифтихорашро ба ҳеҷ дороӣ иваз намекард. Дар он замон ҳар қадам дар назорат буд ва ҳар амал пурсиш дошт. Зиндагии роҳбар нисбат ба зердастонаш одӣ буд. Ҳифзи обрӯ, шаъну шараф, эътиқоду эҳтиром ва нангу номусро аз ҳама муҳимтар медонист. Ҳангоме ки падараш аз хона берун баромада, дар мошини хизматӣ менишаст, ё ки аз кор баргашта, дар назди дар мефуромад, ҳамсояҳо ба сӯяш дидаи эътибор медӯхтанд, гоҳо ошкоро мегуфтанд, ки розиянд бехонаву дар бошанд, вале сарвар бошанд. Писар ё духтари раис гуфтани ҳамсояҳо ба фарзандонаш рӯҳияи баланди ифтихор мебахшид. Вале ин ифтихори зану фарзандонаш интизориҳои ҳамешагиву заҳматҳои бехобӣ дошт. Сарвари хона ва ҳам сарвари як идора вақти муайяни омаду рафтан ва дидорбинӣ надошт. Ҳине ба хона меомад, ки фарзандон аз роҳпоӣ хаста шуда, ба хоби сахт рафта буданд. Модарашон, ки бори масъулияти гаронтар ба дӯш дошт ва пуртобтар буд, то омадани ҳамқисматаш ба коре андармон шуда, лашкари хобро аз сарҳади чашмони худ дур мекард. Бо умеди бо дастони худ кушодану пӯшидани дари хона, ки ифодагари як қисмати муҳаббати ҳамқисматӣ ва эътиқоду эҳтироми оилавӣ буд, азоби шабзиндадорӣ мекашид.
Ҳамқисматаш эҳсос мекард, ки сарварӣ мошинсаворию идорашинӣ нест, масъулиятшиносию пуртобӣ ва бори савобу гуноҳи дигаронро ба дӯш гирифтан аст. Баъди аз ин имтиҳони вазнин гузаштан ва сазовор шудан ба баҳои мардум, Раис ном мегирӣ. Султони Кабир ба хотири соҳиб шудан ба як ном домани нангу номусро дошта, ҷону танашро дар байни оташу об мегузошт, парвои гузаштани умр надошт. Имкон намеёфт, ки ҳамроҳи аҳли оила ба серӣ нишинад. Барои ба мартабаи баланди сарварӣ расидан заҳмати бисёр кашид. Ҷон дар сари мӯ чандин зинаҳоро гузашт. Ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ имтиҳони сарбозию ватандӯстиро бомуваффақият супурд. Қасди бародарони сарбозаш Абдуҷаббору Бурҳонро, ки дар майдони ҷанг аз дасти фашистон ҷавонмарг шуда буданд, гирифт. Дар корхонаи таъмин кардани маҳсулот ба сарбозон кор карда, дар таъмини ғалабаи лашкари шӯравӣ саҳм гузошт. Баъди ғалаба ба ватан баргашта, таҳсилро дар донишкадаи омӯзгорӣ идома дод.
Давоми фаъолияти кор ва гувоҳномаи ранҷҳои кашидаи падарро фарзанд аз идораҳои махсуси ҳуҷҷатнигоҳдорӣ гирд оварда, ифтихорномаи меросӣ тартиб додааст. Ин ҳуҷҷатҳо осон ба даст наомаданд. Барои пайдо кардану тасдиқ гардиданашон дари даҳҳо бойгониҳои ноҳиявию вилоятӣ ва марказиро кӯфтааст.
Фаъолияти кории Султони Кабир аз касби интихобкардааш оғоз шуд. Ба хонандагони деҳаи мавзеи Сарихосор дарс мегуфт. Бо хислату рафтори нек ва меҳнатдӯстияш зуд дар байни мардум маҳбубият пайдо кард. Он солҳо мавқеву мартабаи омӯзгор аз сарвари хоҷагӣ ва раиси ҷамоат баландтар буд, бисёр имтиёзҳо дошт. Ҳатто аз ӯбим доштанд. Бе маслиҳаташ ба коре даст намезаданд. Султони ҷавон барои соҳибмаърифат шудани шогирдонаш сахт заҳмат мекашид. Волидони хонандагон эҳтиромашро ба ҷо оварда, бо меҳрубонӣ пешвоз мегирифтанду гуселаш мекарданд. Баъди ду соли кор ба мактаби деҳаи Пушёни ноҳияи Кӯлоб даъват карда мешавад. Дар ҷои нав ҳам заҳматашро дида, эҳтиромаш мекунанд ва омӯзгори соҳибистеъдодаш мехонанд. Сарварон низ ҷидду ҷаҳдашро дида, ба кораш баҳои баланд медоданд. Маҳз меҳнатдӯстӣ ӯро ба майдони сарварӣ баровард. Сипас ӯро аз кори мактаб озод карда, ба рӯйхати кадрҳои роҳбарикунанда мегузаронанд ва баъди андак муддат котиби дуюми кумитаи комсомолии ноҳияи Кӯлоб таъинаш мекунанд. Ин вазифаи масъулиятнок барои ба боми умед баромадан нахустин зина ҳисоб меёфт ва ӯро водор мекард, ки рӯзона корҳои идоравиро пеш бурда, шабона ба омӯзиши ҷиддӣ машғул шавад. Кӯшиш мекард, ки бо кору ғайраташ худро ҳамчун сарбози ватан нишон диҳад. Муҳаббату садоқати бузург ва хуни ҷӯшони ҷавонӣ ӯро ба фатҳи қуллаи мурод ҳидоят мекард. Нангу номус ва пуртоқатӣ, амалӣ гардидани нақшаҳо мушкилашро осон гардониданд. Маҳз ҳамин ҷаҳду талошашро дида, дар аввали соли 1948 ӯро сарвари аввали ташкилотиҷавонони ноҳияи Данғара таъин менамоянд. Ин таъинот дар ҳаёти Султони ҷавон нақши муҳим мебозад. Эътибори боло ва бори як кори пурмасъулиятро ба дӯшаш гузоштан ба ӯ рӯҳу умеди тоза ва иродаи қавӣмебахшад. Ва ӯ дар роҳи фардои мақсад қадамҳои устувортар мегузорад. Баъди як соли кор ба мактаби олии ҳизбӣ дохил шуда, соли 1951 онро бо ҳуҷҷати сурх хатм мекунад ва ба ватан баргашта, котиби ҳизби коммунисти ноҳияи Балҷувон таъин мегардад. Баъди ҳашт моҳи кор вазифаи котиби дуюми ҳизби ҳамин ноҳия насибаш мешавад, ки ҷаҳиши бузург ва боварибахш ба кори ҳизбӣ буд. Дар ин вазифа ҳам муддате кор карда, натиҷаҳои фараҳбахш ба даст меорад. Бо қарори Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб Султони Кабир мудири шуъбаи тарғибу ташвиқи кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Чубек таъин карда мешавад, ки ин гувоҳ ва баҳои пешравию кордонии ӯ мебошад. Ду сол дар ин вазифаи пуршараф бо неруҳои зеҳнӣ кор карда, донишу маҳорати худро сайқал медиҳад. Ташкили хуби кор, тарғибу ташфиқ ба меҳнати зарбдорона ва ҳалли дигар масъалаҳои муҳими ватандорӣ, кӣ будан ва чӣ лаёқат доштани Султони Кабирро муаррифӣ мекард. Пешниҳодкардагон ин ҷиҳатҳоро асоси кордонӣ шуморида, ӯро котиби озоди ташкилоти ҳизбии стансияи мошину экскаватории минтақаи Кӯлоб таъин намуданд. Котибӣ дар ин ташкилоти бонуфуз яке аз вазифаҳои баланди ҳамон замон ба ҳисоб мерафт. Ин боварии сарварон Султонро водор кард, ки домани нангу номусро сахттар дорад ва исбот намояд, ки аз уҳдаи вазифаи мустақил ҳам баромада метавонад. Дар муддати ду соли корӣ котиби коргоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил ва барандаи парчами сайёр гардид. Маҳз меҳнатдӯстӣ, ҳис кардани масъулияти баланд дар вазифаи хидматӣ Султони Кабирро ба арсаи шуҳрат баровард. Аввали соли 1956 бо қарори ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлоб Султони Кабир сарвари хоҷагии давлатии рақами панҷум таъин гардид. Ин вазифаи пурифтихор ва ниҳоят мушкил барои қаҳрамони мо имтиҳони ҷиддӣ буд. То он дам корҳои тарғибу ташвиқро ба сомон мерасонд, мисли шинондани дарахти писта, ки дерҳосил буда, самарааш ба зудӣ аён намегашт. Зеро нақши тарғибу ташвиқ чизи мушшахас нест, ки дида шавад, танҳо даркаш мекунанд. Метавонанд, ки корҳои ҳидоятию роҳбаладӣ ва тарғибиро сарфи назар кунанд, ку самари заҳматат бигӯянд, тоби интизорӣ наоварда, пеш аз муҳлат пайи поятро бирӯбад. Вале дар истеҳсолот ҳамааш аён мегардад.
Пеш бурдани истеҳсолот, гирифтани ҳосили баланд, таъмини рушди хоҷагӣ, бунёди боғҳою кушодани заминҳои нав зуд ба чашм мерасанд. Султони Кабир аз илми хоҷагидорӣ ҳам бохабар буд. Гиреҳҳои ин риштаро кушода метавонист. Вале барои кушодани ин гиреҳ нохун не, дандон ба кор меомад. Ӯ дар корзоре афтода буд, ки дар он пирӯз шудан насиби на ҳар кас мегашт.
Он солҳо ҳам хоҷагӣ ташкил кардан осон, вале сарвари муносиб ёфтан душвор буд. Баъди ташкил кардани хоҷагии давлатии боғутокпарварӣ Султони Кабирро, ки коргоҳи пештарааш дар ҷамъбасти мусобиқа сазовори парчами сайёр шуда буд, сарвари арзанда пазируфтанд. Бо чӣ азобҳо хоҷагӣ бунёд кард, худаш медонисту Худо. Қувваи корӣ намерасид. Қамишзору хорзорро ба замини корам табдил додан кори осон набуд. Ин нақша танҳо дар баҳои ҷонисорӣ амалӣ мешуд. Он солҳо ягон кӯҳистонӣ ба таҳдашт кӯчидан намехост. Кӣ обу ҳавои тозаи мавзеъҳои сарсабзи пур аз гулу гиёҳ ва боғҳои самардорро монда, ба таҳдашти пур аз хору хас ва қамишзору ҳавои дилгир меомад? Ҳеҷ кас. Вале ягона умеди Султони Кабир ба ҳамин мардум буд. Бовар дошт, дили ҳамроҳони пешинаро, ки бо онҳо кор карда буд, меёбад. Бовар дошт, ки ихлосмандонаш гапи ӯро ҳеҷ гоҳ ду намекунанд.
Сарвари нави хоҷагӣ ба ноҳияҳои Сорихосору Ховалинг ва Муъминободу Шӯрообод сафар карда, бо мардуми одӣ вохӯрд. Дар он ҷоҳо, ки омӯзгору котиби комсомол ва ҳизб кор карда буд ва ӯро хуб мешинохтанд, ба гуфтаҳояш гӯш доданд. Суханҳояш, ки аз боби ватандорӣ ва қисмати обод кардани вайронае мерафт, ба ҳамагон таъсири сахт кард. Суханҳояш дудилагии мардумро барҳам зад. Аввал якчанд кас, баъдтар пайи ҳам кӯҳистониён ба таҳдашт кӯчиданд.
То он вақт заминҳои пур аз хору хас ва қамишзори таҳдашт макони хазандагону дарандагон ҳисоб меёфт. Баъди расидани қадами инсон ҳайвонҳои ваҳшӣ макони зисти худро дигар карда, ба ҷойҳои бехафв рафтанд. Таҳдашт маскани мардони диловар шуд. Байни инсону табиати ҳастисӯз муборизаи шадид авҷ гирифт. Дар ин корзори марговар кӯҳистонёни сахтҷон бартарӣ нишон дода, бо қудрати Худододашон зафарёр мегаштанд ва заминҳои бекорхобидаро азхуд мекарданд. Дар баҳои заҳматашон мукофот гирифта, рӯҳбаланд мешуданд. Сарвари хоҷагӣ Султони Кабир барои навомадагон шароитҳои хуби кору зиндагӣ муҳайё карда, намегузошт, ки онҳо худро сарсону ноумед ҳис кунанд. Ба таҳдашт омадагон хонаобод ва соҳиби ҷои кор мешуданд. Гарчи онҳо аз ҳар ноҳия ва намояндагони халқу миллатҳои гуногун буданд, ба хотири обод шудани як гӯшаи ватан ва сарвари даъватгарашон аз таҳти дил кор мекарданд ва натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоварданд. Хорзор ба гулзор табдил ёфта, муҳити дилгир ба як гӯшаи дилхоҳ мубаддал мегашт. Аз ин ҳисоб майдони боғу токзор васеъ шуда, ҳосилнокӣ меафзуд. Ин ҳама гардиши бузург шуҳрати сарвари хоҷагиро зиёд ва қобилияти баланди кордонии ӯро муаррифӣ мекард.
Ҳангоме, ки кумитаи ҳизби ноҳияи Кӯлоб аз байни даҳҳо мутахассисони арзанда Султони Кабирро интихоб карда, барои сарвари хоҷагии рақами сеюм тасдиқ шуданаш ба марказ тавсия доданд, дар идораи саноат, ки хоҷагиҳои боғутокпарварӣ ба он мансуб буд, роҳбарон ӯро дастгирӣ накарданд. Дигар ҳуҷҷатҳо ва таҷрибаву паҳлуҳои донишашро ба эътибор нагирифта, гуфтанд, ки ихтисосат мувофиқ нест, ба ин соҳа иқтисоддон, ҳеҷнабошад кишоварз зарур аст, на омӯзгор. Кори хоҷагидориро саҳл нашумор, беҳтараш баргашта бирав ва ба тавсиядодагон фаҳмон, ки мувофиқи ихтисосат кор биёбанд. Фикр накарданд, ки Султони Кабир баробари омӯзгор будан, мактаби олии ҳизбиро хатм намуда, солҳо дар вазифаҳои гуногун кор кардааст, аз имтиҳони мушкилталаби мактаби ҳаёт борҳо гузашта, таҷрибаи кофии сарварӣ дорад.
Султон аз чунин сурат гирифтани кор дар ҳайрат монд, вале ба сараш хаёле омад, ки ноумедиашро барҳам зад. Вай дигар ҳарфе нагуфта, рост ба ҳукумат, ба қабули раис Турсун Улҷабоев рафт. Хушбахтона, он кас дар дафтари кориаш будааст. Баъди андак интизорӣ раис бо кадом сабабе берун баромад ва дар қабулгоҳ ӯро дид.
- Шумо Султони Кабир нестед?
- Бале,- посух дод ва аз дил гузаронд. Хотирааш мустаҳкам будааст, - ӯро фақат як маротиб дар маҷлисе дида буд.
- Биёед, аввал мақсади омадани шуморо мефаҳмам, баъд аз пайи кори худ меравам.
Султон аз паси раис вориди ҳуҷраи корӣ шуд. Баъди ҳолпурсӣ ҳолати дар идораи саноат рухдодаро нақл кард.
- Парво накунед, ин масъала бо хубӣ ҳал мешавад,- гуфт раис ва гӯшаки телефонро бардошта: - Иқтисодчӣлозим будааст, магар ғолиби мусобиқа шудан, дар комёбиҳои бадастовардаи чандин идора саҳм гузоштан нишонаи иқтисоддонӣ нест? Ман ба фикратон розӣ нестам. Бо тавсиягирифтагон ин хел муомила ва онҳоро ноумед накунед. Фақат ба ҳуҷҷат не, ба донишу таҷриба ҳам баҳо доданатон зарур аст. Дараҷаи кордонии Султони Кабирро ман аз шумо хубтар медонам. Таъхир накарда, худи ҳамин рӯз фармонашро бароред.
Султони Кабир ин лаҳзаҳоро ҳамон вақт ба ёд овард, ки Турсун Улҷабоев ба сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб омад. Баъди дидани хоҷагиҳо, шинос шудан ба натиҷаҳои истеҳсолӣ ва таҳлилу муқоисаҳо дар ҳузури ҳама роҳбарҳо гуфт, ки "Тири умедам хок нахӯрд, Султони Кабир ба боварӣ сазовор шуд" ва таклиф кард, ки як пиёла чойро дар хонаи Султони Кабир менӯшем. Аз дастархони одами заҳматкаш хӯрдани нон лаззати дигар дорад. Ин кас иқтисодчӣ набошад ҳам, ба дастовардҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардидааст. Ин ишора ба вазири саноат, ки дар санҷиш котибро ҳамроҳӣ мекард, дахл дошт.
Котиби аввали ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсун Улҷабоев аз баҳри дигар зиёфатҳо гузашта, лаҳзае дар хонаи Султони Кабир нишастанро муносиб донист. Ин эҳтиром нишонаи баҳо, эътиқод ва эътибор буд, ки дигар сарварон инро орзу мекарданд. Ин гуфтаҳо асос доштанд. Хоҷагии боғутокпарварии рақами 3-и ноҳияи Восеъ дар ҷамъбасти сол ғолиби мусобиқаи сотсиалистии ҷумҳуриявӣ дониста шуд ва ба гирифтани Байрақи сурхи сайёр мушарраф гашт. Соли дувум аз рӯи натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ дар Намоишгоҳи хоҷагии халқи умумииттифоқ дар шаҳри Москва иштирок кард. Дидани хӯшаи ангури вазнаш 11 килою 400 грамм иштирокчиёнро дар ҳайрат гузошт. Бегонагон табрикаш карданд, вале худиҳо ҳарфи ситоише ба лаб наоварданд. Баръакс, рақибон ин комёбиро чашми дидан надоштанд. Хурдагирӣ карда, мехостанд гуноҳашро биёбанд ва аз вазифа сабукдӯшаш намоянд. Оқибат ба нияти нохубашон расиданд. "Камбудӣ"-и бурдовари корашро ёфтанд. Шартнома бастан бо шахсони алоҳида, ки навоварӣ ва роҳи пешрафти истеҳсолот ба ҳисоб мерафт ва дар он замон ба ин кор иҷозат дода намешуд, сабаби аз зинаи роҳбарӣ як қадам поён фаромаданаш гашт.
Султони Кабир дар замони шӯравӣ аввалин соҳибкори ноҳия, шояд мамлакат маҳсуб меёфт. Хишти аввалини хоҷагиеро гузошт, ки номаш вирди забонҳо шуд. Хоҷагии боғутокпарварии ноҳияи ба номи Ленини ноҳияи Восеъ дар даврони шӯравӣ машҳур буд. Он солҳо хоҷагӣ бо корхонаҳо шартнома мебаст, вале ҳуқуқи бо шахсони алоҳида бастани шартномаро надошт. Аввалин шуда Султони Кабир қолаби куҳнаро шикаст. Хоҷагӣдаҳҳо гектар замини шӯразори бекорхобида дошт. Сарвар хост, ки аз ин қитъаҳо ҳам ҳосил бардошта, даромадро афзун ва пояи иқтисодиёти хоҷагиро мустаҳкамтар намояд. Ба ин мақсад кореягиҳои меҳнатдӯсти таҳҷоиро, ки дар дигар ноҳия кору зиндагӣ мекарданд, даъват карда, бо онҳо шартнома баст. Мувофиқи шартнома онҳо замини шӯразори солҳо бекорхобидаро ба шолизор табдил дода, ҳосили баланд бардоштанд. Аз ин ҳисоб даромаднокии хоҷагӣ хеле афзуд. Мансабталошон аз бурди хоҷагӣ чашм пӯшида, гуноҳи сарварро дар вайронкунии қонун ва бо шахсони алоҳида бастани шартнома ҷуста, даҳҳо коғази сафедро сиёҳ карданд. Тафтишот сар шуд. Ҳаводоронашон даромаднокиро ба эътибор нагирифта, сари масъалаи ба шоликорон бастани шартнома таваққуф намуданд. Ба ҷои мукофот ба Султони Кабир ҷазо дода, ӯро як зина поён фуроварда, ҷонишин таъин карданд. Вале ин ҷазо ҳам камтар аз мукофот набуд. Зеро дар замони ҳукмронии Ҳизби коммунист ба ҳар роҳбари "хатокарда" ин гуна муносибатро раво намедиданд. Онҳое, ки аз зинаи сарварӣ меафтоданд, ба зудӣ аз ҷой бархеста наметавонистанд. Вале Султони Кабир худро афтода напиндошта, бо як рӯҳияи баланд кор мекард. Дар ҷонишинӣ ҳам мавқеъ ва обрӯи худро пайдо намуд. Такудавҳояш, ки нишонаи садоқат ба ватан буд, боз роҳи фардои некашро муайн кард ва Султони Кабир то лаҳзаи охирини умр дар коргоҳе сарвар монд.

Соҳиби ВАТАН


ДЕНЬ ПОБЕДЫ
_________________





НАШ ГОРОД
_________________





Видео
_________________